Генерал Боқирӣ: Ҳар иқдоме зидди Эрон, бо шадидтарин аксуламал посух дода мешавад
Раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, амрикоиҳо агар кӯчактарин чашмдошт, иқдом ё назари сӯе ба амнияти Эрон дошта бошанд, бо шадидтарин аксуламалҳо мувоҷиҳ хоҳанд шуд.
Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе афзуд, Ҷумҳурии исломӣ ва маҷмӯаи дифоии Эрон, бо ҳушёрии комил марзҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёиро расад мекунанд ва тамоми ин таҳаррукотро комилан зери назар доранд.
Вай тасреҳ кард, фаъолияти низомии Амрико дар Ироқ ва Халиҷи Форс дар фазои расонаии вобаста ба амрикоиҳо низ ба шакли анбӯҳе дар ҳоли хабарпарокунӣ бар зидди нирӯҳои муқовимат дар Ироқ ва Ал-Ҳашду Шаъбӣ аст.
Генерал Боқирӣ таъкид кард, амрикоиҳо ба хубӣ медонанд мардуми минтақа, аз ҷумла мардуми Ироқ бо ҳузури низомии онҳо дар ин кишварҳо мухолиф ҳастанд.
Ба думболи таҳаррукоти низомии машкуки Амрико дар нақлу интиқоли нирӯҳояш дар Ироқ ва гузоришҳо аз талоши Вашингтон барои ҳадаф қарордодан бархе аз гурӯҳҳои муқовимати исломӣ ва “Ал-Ҳашду Шаъбӣ”, нигарониҳое дар Ироқ дар хусуси иқдомоти худсарии Амрико эҷод шудааст.