Беҳбудии ҳудуди 18 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси круно дар Эрон
(last modified Fri, 03 Apr 2020 12:01:01 GMT )
Апрел 03, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 18 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси круно дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 17 ҳазору 935 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси круно мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, бо ишора ба ибтилои 53 ҳазору 183 нафар ба вируси круно дар Эрон гуфт, бо ҷон бохтани 134 бемори мубтало ба круно дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагон дар Эрон ба се ҳазору 294 нафар расид. Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон, бо кумаки Нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (қарантина) ва дармони афроди мубтало ба вируси круно бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.