Апрел 04, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Худкифоии Эрон дар тавлиди таҷҳизоти муқобила бо коронавирус

Муовини илмӣ ва технологии раёсатҷумҳурии Эрон аз худкифоии ин кишвар дар тавлиди таҷҳизот барои муқобила бо коронавирус хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Сурно Сатторӣ- муовини илмӣ ва технологии раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи шанбе дар маросими рӯнамоӣ аз сомонаи бумии ҳушманди ташхиси КОВИД 19 гуфт: Ду ширкати донишбунёни эронӣ, дар ҳар ҳафта зарфияти тавлиди 100 ҳазор кити ташхиси коронавирус доранд, ки бо таваҷҷуҳ ба иқдоми як ширкати донишбунёни дигар барои дарёфти таидияи тавлиди ин китҳо, Эрон дигар ниёзе ба воридоти китҳои ташхиси коронавирус надорад.

Сатторӣ афзуд: Ду ширкати донишбунёни эронии дигар низ дар ҳоли тавлиди вентилатор (ventilator) ё дастгоҳи танаффуси сунъӣ ҳастанд, ки ниёзи бемористонҳои кишварро бартараф мекунанд.

Муовини илмӣ ва технологии раёсатҷумҳурии Эрон гуфт: Ин дастгоҳ метавонад як тахти маъмулиро ба як тахти  бахши эҳё табдил кунад.

Сатторӣ ҳамчунин афзуд: Бисёре аз ширкатҳои донишбунёни эронӣ дар ҳоли таҳқиқот дар заминаи протоколҳои доруӣ барои дармони коронавирус ҳастанд.

Дар ин маросим аз сомонаи ташхиси КОВИД 19 бо истифода аз ҳуши сунъӣ барои аввалин бор дар Эрон аз тариқи тасовири си ти скани қафасаи сина рӯнамои шуд.

Ин сомона, ки ба дасти гурӯҳе аз муҳаққиқони донишгоҳи Санъатии Шарифи Теҳрон тарроҳӣ шудааст метавонад дар манотиқе, ки пизишк ё радиологист вуҷуд надорад истифода шавад.

Ин сомона бо истифода аз акси си ти скан, мушовираи қатъӣ ба бемор медиҳад ва навъе пизишк аз роҳи дур ба шумор меравад.