Апрел 05, 2020 09:27 Asia/Dushanbe
  • Нишондоди тиҷорати Эрон ва АвруОсиё дар масири шитоб

Сухангӯи гумруки Эрон эълом кард: Тиҷорати хориҷии ҷумҳурии исломӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё баъд аз иҷроӣ шудани мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳӣ аз 27 октябри 2019 дар муддати 5 моҳ ба ҳудуди як миллиарду 500 ҳазор доллар расидааст.

Ба нақл аз ИРНО , Руҳуллоҳ Латифӣ- сухангӯи гумруки Эрон бо баёни ин ки бузургтарин мақсадҳои содироти Эрон ба АвруОсиё ба тартиб кишварҳои Русия, Арманистон ва Қазоқистон будааст афзуд: 67 дарсад аз мизони тиҷорати  хориҷии Эрон ва АвруОсиё аз 27 октябри 2019 то 25 марти 2020 саҳми воридот ва 33 дарсад низ саҳми содирот будааст.  Латифӣ дар хусуси колоҳои содиротии Эрон ба АвруОсиё низ афзуд: Ин колоҳо шомили себи  тоза, пистаи тоза ва хушк, гази табиии моеъшуда, кивии тоза, бодаринг ва бодаринги шур аст.   Бо пайвастани Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё , дар гоми нахуст барои беш аз 700 колои содиротии Эрон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия, таърафа иҷроӣ шуда бо коҳиш беш аз 80 дарсадӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.   Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон панҷ узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.