Муқобила бо корона: Табдили таҳдид ба фурсат
Ба пешрафти Эрон дар муқобила бо вируси корона хушбин ҳастем”.
Ин сухане аст, ки Ричард Бреннан (Richard Brennan), раиси ҳайати эъзомии Созмони ҷаҳонии беҳдошт якмоҳ қабл, дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон изҳор кард ва афзуд, ба кодри дармонии Эрон ба хотири сахткушӣ, табрик мегӯем ва ба онҳо ифтихор мекунем.
Бреннан бо баёни инки Эрон яке аз қавитарин системаҳои беҳдоштиро дар минтақаи шарқи Баҳри миёназамин дорад, хотирнишон кард, табодули иттилоот аҳамияти зиёде барои ҷаҳон дорад ва дастовардҳои Эрон дар заминаи корона бояд ба дигар кишварҳо мунтақил шавад.
Тот ҳоли ҳозир замони поёне барои фаъолияти ин вирус пешбинӣ нашудааст. Барои бемориҳои мушобеҳ монанд "обуло",6 моҳ баъд воксан сохта шуд. Бархе манобеи пизишкӣ изҳор кардаанд, барои кашфи воксани коронавирус, шояд байни 9 то 12 моҳ замон ниёз бошад, аммо то он замон муҳиммтарин кор талош барои суръат бахшидан ба ташхис ва қарантини беморон ва қатъи занҷираи интиқоли беморӣ аст.
Дар вазорати беҳдошт ва дармони Эрон ва дар хутути муқаддами муқобила бо корона афроди бисёре фаъолият мекунанд, ки ин нишон аз тааҳҳуд ва азми росих дар Эрон барои шикасти ин вируси маргбор дорад. Дар идомаи талошҳо ва дар ҷиҳати суръат бахшидан ба ташхиси беморони мубтало ба корона, рӯзи шанбе тайи маросиме дар пажӯҳишкадаи фанноварии иттилоот ва иртибототи пешрафтаи Донишгоҳи Санъати Шарифи Теҳрон, аз сомонаи ташхиси covid -1 covid_19 рӯнамоӣ шуд.
Ҳамидризо Рабиъӣ, раиси пажӯҳишкадаи фанноварии иттилоот ва иртибототи пешрафтаи ин донишгоҳ дар маросими рӯнамоӣ аз ин сомона бо баёни инки скани қафасаи сина беҳтарин роҳ барои ташхиси ибтило ба вируси корона аст, хотирнишон кард, дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон мушобеҳи сомонаи эронии ташхиси пономии covid_19, яке дар Чин ва дигаре дар Стэнфорди Амрико вуҷуд дорад, ки муҳаққиқони ҷавони эронӣ низ муваффақ ба тарроҳӣ ва роҳандозии ин сомона шуданд.
Ин система ҳамонанди як пизишк аз роҳи дӯр амал мекунад ва зариби хаторо поин меовард ва абъоди зойиоти риявиро ба диққат андоза мегирад, ки барои дармони ин беморӣ бисёр муҳим аст.
Таъмини таҷҳизоти мавриди ниёз барои муқобила бо корона акнун бо талоши ширкатҳои донишбунён, суръати қобили таваҷҷуҳе ёфтааст. Иттифоқи муҳимме, ки дар ин раванд рух дода, тавлиди таҷҳизоте аст, ки сохти инҳо дар инҳисори теъдоди андаке аз кишварҳои пешрафтааст. Аз ҷумлаи ин таҷҳизот дастгоҳи оксигенсози "вентилятор " аст. Ин дастгоҳ метавонад як тахти маъмулиро ба як тахти “ICU” табдил кунад.
Сурино Сатторӣ, муовини илмӣ ва фанноварии раёсатҷумҳурӣ бо баёни инки дар ҳоли ҳозир ширкатҳои донишбунён дар ҳавзаи тавлиди бастаи ташхиси корона вуруд кардаанд, аз афзоиши зарфияти тавлиди 100 ҳазор баста дар ҳафта хабар дод, ки бо ин мизон тавлид, кишвар ниёз ба воридоти бастаҳои ташхис наход дошт.
Ширкатҳои донишбунёни тавлидкунандаи таҷҳизоти сохти моск ҳам ба арсаи тавлиди моск вуруд пайдо кардаанд то битавонанд ниёзи кишварро дар ин замина низ бартараф созанд. Дар ибтидои шуюи корона, тавлиди моск беш аз 4 баробар шуд ва бо роҳандозии чандин хати тавлиди моск дар рӯзҳои оянда шоҳиди ҷаҳиши қобили таваҷҷуҳе дар афзоиши тавлиди моск низ хоҳем буд ба наҳве, ки илова бар таъмини ниёзи кишвар метавон бахше аз ниёзи минтақаро низ бартараф кард.
Сатторӣ ҳамчунин бо баёни инки ширкатҳои донишбунён шадидан дар ҳоли таҳқиқот дар заминаи проталҳои доруӣ барои дармони корона ҳастанд, ҳамчунин гуфт, дар ҳоли ҳозир садҳо корозмоиҳои болинӣ тавассути муҳаққиқони кишвар дар ҳоли анҷом аст.
Ин дастовардҳо ҳосили азм, талош, дониш ва мисдоқи айнии ҷаҳиш дар тавлид аст. Акнун ҳамаи кишварҳо даргир бо вируси корона шудаанд. Ибтило ба covid- 19 як мушкили ҷаҳонӣ аст. Омори мубталоён ба ин вирус дар ҷаҳон ба беш аз як миллион нафар афзоиш ёфтааст. Дар чунин вазъияте бояд барои муқобила бо он дониш ва таҷрибиёти якдигарро ба иштирок гузошт ва ин таҳдидро ба фурсат табдил кард. Дар ин роҳ кишварҳои зиёде ба кумак ҳам омадаанд. Аммо дар ин раванд, истисноҳое ҳам вуҷуд дорад. Амрико яке аз ин истисноҳост, ки бо таҳримҳояш алайҳи Эрон ба дунё нишон дод то чӣ андоза аз арзишҳо ва меъёрҳои инсонӣ ба дур аст.