Беҳбудии беш аз 22 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
(last modified Sun, 05 Apr 2020 10:51:23 GMT )
Апрел 05, 2020 15:51 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 22 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати Беҳдошт, дармон ва омӯзиши Эрон эълом кард: То кунун 22 ҳазору 11 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористон мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 58 ҳазору 226 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт:

Бо ҷон бохтани 151 бемори мубтало ба коронавирус дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагон дар Эрон ба 3603 нафар расид.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба коронавирус, бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон басуръат дар ҳоли анҷом аст.

 

Барчасп