Апрел 06, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Давлат ва миллати Эрон эътимоде ба ҳарфҳои мақомоти амрикоӣ надоранд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни инки миллат ва давлати Ҷумҳурии исломӣ эътимоде ба ҳарфҳои мақомоти амрикоӣ надоранд, гуфт, Эрон ҳеҷ дархосте барои ирсоли кумакҳои пизишкӣ ва дармонӣ аз Амрико надоштааст.

Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, бо таъкид бар инки ҳамаи ҷаҳониён ба золимона ва ғайриқонунӣ будани таҳримҳои Амрико изъон доранд, афзуд, бо вуҷуди иддаоҳои амрикоиҳо мабни бар инки дору, ғизо ва таҷҳизоти пизишкӣ таҳрим нест, аммо амалан роҳи вуруди онҳо ба Эрон баста шудааст.

Мусавӣ бо баёни инки бархе кишварҳо талош доранд аз шуюи бемории корона сӯи истифода кунанд, тасреҳ кард, Эрон аз тамоми кишварҳои мустақил ва мутамаддини ҷаҳон мехоҳад ба таҳримҳои ғайриқонунӣ, золимона ва беаслу бунёдт Амрико таваҷҷуҳе накарда ва онро иҷро накунанд то бо ёрии ҳамдигар, ин мушкил бартараф шавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин зимни ибрози ҳамдардӣ бо ҳамаи миллатҳо ва давлатҳое, ки корона дар кишварашон густариш пайдо кардааст, гуфт, беш аз 30 кишвар ва теъдоде аз созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи муқобила бо корона ба Эрон кумак кардаанд. Мусавӣ дар бораи наҳваи бархӯрди Эрон бо атбои хориҷии муқим, ки мубтало ба корона шудаанд, низ гуфт, агар ин афрод ба марокизи дармонии Эрон муроҷиа кунанд, бидуни дарёфти пул ва бар асоси инсондӯстӣ, дармон мешаванд.