Амирабдуллоҳиён: Буҳрони коронавирус собит кард Амрико қодир ба идораи худ ҳам нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52461
Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал гуфт: ‏Буҳрони коронавирус собит кард, ки Амрико на танҳо қодир ба идораи ҷаҳон, балки қодир ба идораи кишвари худ ҳам нест.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 07, 2020 12:55 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Буҳрони коронавирус собит кард Амрико қодир ба идораи худ ҳам нест

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал гуфт: ‏Буҳрони коронавирус собит кард, ки Амрико на танҳо қодир ба идораи ҷаҳон, балки қодир ба идораи кишвари худ ҳам нест.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳасан Амирабдуллоҳиён дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо таъкид бар ин ки буҳрони коронавирус собит кард, ки Амрико на танҳо қодир ба идораи ҷаҳон балки қодир ба идораи кишвари худ нест, навишт: Ин буҳрон, низоми такқутбӣ ва назми ҷаҳонии иддаоии башарро нафй кард. Ҷаҳони  пасокорона шакли дигаре хоҳад дошт, ки эътиқод ба қудрати Худо дар он, пурранг аст.

Давлати Амрико, ки бисёр дертар аз кишварҳои дигар ба анҷоми озмоишҳои ташхиси ибтило ба вируси корона рӯй оварда, ҳамакнун ба далели теъдоди зиёди афроди бемор, бо камбуд китҳои ташхисӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ мувоҷеҳ шудааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 356 ҳазор нафар дар Амрико ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 10 ҳазору 467 тан ҷони худро аз даст додаанд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ сешанбе 24 март эълом кард, Амрико дар ояндаи наздик эҳтимолан ба конуни сирояти вируси корона табдил хоҳад шуд.

Ҳамакнун ҳар 50 иёлати ин кишвар даргири вируси корона ҳастанд.

Анҷумани бемористонҳои Амрико якшанбе 8 март дар гузорише эълом кард: Эҳтимолан 96 миллион амрикоӣ ба ин вирус мубтало хоҳанд шуд, ки аз ин теъдод 480 ҳазор нафар ҷони худро аз даст хоҳанд дод.

Нигарониҳо дар Амрико дар бораи амалкарди давлати  Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ин кишвар дар баробари шуюи вируси корона боло гирифта ва ҳатто чандин иёлати ин кишвар ба далели хатари шуюи вируси корона вазъияти фавқулода эълом кардаанд.

Пойгоҳи амрикоии Трос-Авт низ ахиран бо ишора ба ин ки 28 миллион нафар дар Амрико аз хадамоти суғурта бархурдор нестанд, шуюи вируси корона дар ин кишварро фоҷеабор донист.