Апрел 08, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • Соати 21 имшаб; Танинандоз шудани нидои “Ё Маҳдӣ адракнӣ” дар саросари Эрон

Ноиби раиси шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ эълом кард, соати 21 бар фарози бомҳо, маросими нидои “Ё Маҳдӣ адракнӣ” ва ё “Ҳуҷҷат ибн-ал-Ҳасан” ба унвони ду наҷвои ҷамъӣ ба даргоҳи илоҳӣ иҷро мешавад.

Ба гузориши “Форс”, Нусратуллоҳи Лутфӣ, ноиби раиси шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ гуфт, ба иқтизои вижагиҳои тартибёфта бар шаби нимаи шаъбон ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки тазарруъ ба даргоҳи илоҳӣ, суннати қуръонӣ ва сираи авлиёи Худост, лузуми баргузории барномаҳои вижаеро эҷоб кардааст.

Вай идома дод, қадосати хоси шаби нимаи шаъбон ба лиҳози маънавӣ ба унвони бофазилаттарин шаб пас аз лайлатулқадр бар мабнои аҳодиси аиммаи маъсумин ва низ ишқу дилдодагии мардум мунҷии олами башарият боис шуда то маъмулан дар ҳамешаи таърих баргузории зеботарин ва густурдатарин ҷашнҳои нимаи шабъонро ба унвони дилдодагии динӣ ба имоми замон (аҷ) шоҳид бошем.

 Лутфӣ афзуд, шароити истисноии кунунӣ ба лиҳози таътилии амокини мазҳабӣ, зарурати парҳез аз иҷтимоот ва низ зарурати талаби фараҷ дар ин мақтаъ ва талаби рафъи бало боис шуд то як ҳамоҳангии фарогиреро дар дохили кишвар ва ҳатто хориҷи кишвар, яъне кишварҳои исломӣ анҷом диҳем.

Ноибраиси шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ бо баёни ин ки бар асоси барномарезии анҷомшуда, имшаб соати 20:45 зиёрати оли Ёсин ва дуои фараҷ ба таври дастаҷамъӣ тавассути хонаводаҳо дар манозил баргузор хоҳад шуд, изҳор дошт, раъси соати 21 бар фарози бомҳо нидои “Ё Маҳдӣ адракнӣ” ва “Ё Ҳуҷҷат ибн-ал-Ҳасан ба унвони ду истиғоса ва наҷвои ҷамъӣ ба даргоҳи илоҳӣ ба унвони дархости талаби фараҷ ва рафъи балоро хоҳем дошт.