Апрел 08, 2020 21:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози фасли нав дар тавсиъаи ҳамаҷонибаи фаолиятҳои Созмони энержӣ атомии Эрон

Алӣ Акбар Солеҳӣ раиси Созмони энержии атомии Эрон рӯзи сешанбе дар паёме ба муносибати 8 апрел рӯзи Миллии фановарии ҳастаӣ ; бо ишора ба рӯнамоӣ аз 122 дастоварди нави ин Созмон дар тули як соли гузашта таъкид кард ; ин дастовардҳо навидбахши оғози фасли нав дар тавсиъаи ҳамаҷонибаи фаолиятҳои ғурурофарини Созмони энержии атомии Эрон аст.

Паёми Солеҳӣ раиси Созмони энержи атомии Эрон ба муносибати фаро расидани рӯзи Миллии фановарии ҳастаӣ таъкиде бар азми миллати Эрон бар баҳрамандӣ аз энержии сулҳомези ҳастаӣ аст,ки яке аз дастовардҳои ғурурофарин баъд аз Инқилоби исломӣ аст.

Санати ҳастаии Эрон бо баҳрагири аз тавонмандиҳои дарунӣ ва тамаркуз бар аҳдофи таъийншуда тавониста фаолиятҳои худро дар чорчуби меҳвари ; такмили чархаи сухт, дастёби ба фановариҳои пешрафта, тавлиди энержӣ ва корбурди партовҳо дар фаолияти кишоварзӣ, санатӣ ва пизишкӣ мутамарказ кунад ва имрӯз натиҷаҳои матлубе дар ҳамаи ин арсаҳо бадаст омадааст.

Санати ҳастаии Эрон бо баҳрагири аз тавонмандиҳои даруни ва тамаркуз бар ҳадафҳои таъийншуда тавониста фаолиятҳои худро дар чор меҳвар; такмили чархаи сухт, дастёби ба фановариҳои пешрафта, тавлиди энержӣ ва корбурди партавҳо дар фаолиятҳои кишоварзӣ, санатӣ ва пизишкӣ мутамарказ кунад ва имрӯз натиҷаҳои матлубе дар ҳамаи ин арсаҳо ба даст омадааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон; аммо дар ҳамаи гомҳои бардошташуда дар санати ҳастаӣ пойбандии комил ба муоҳидоти ҳастаӣ дошта ва дар чорчуби муқарарот ва таҳти назоратҳои мустамари Ожонси байналмилаллии энержии атомӣ,ба фановари ва дониши ҳастаӣ даст ёфтааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб ; дар ҳамин хусус борҳо таъкид кардаанд,ки Эрон дар паи дастёби ба силоҳи ҳастаӣ нест ва ҳадафи Эрон дастёби ба фановарии сулҳомез аст.

Эшон як сол пеш дар дидори ҷамъе аз нухбагон ва истеъдодҳои бартари илмӣ фармуданд ; агар илм аз фарҳанги саҳеҳ ҷудо шавад,ба хато меравад. Илми нофеи ҳастаӣ чун бо фарҳанги инсондӯстӣ ҳамроҳ набуд,ба бомби ҳастаӣ сабаб шуд ва имрӯз ҳамчунон таҳдиди дунёст. Мо бо он,ки метавонистем, қотеъона дар ин роҳ ворид нашудем ; ҳам сохтани бомби атом ва ҳам нигаҳдоштани он ғалат аст, чун ба кор бурдани он ҳаром аст.

Аз ин дидгоҳ, тавсиъаи санати ҳастаӣ ва дастовардҳои он барои миллати Эрон, намоди иқтидор ва ғурури миллӣ аст.