Апрел 12, 2020 12:20 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди тести сареи антибодии корона дар Эрон

Раиси Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: Тести шиносоии антибодии КОВИД-19 ва тести сареи корона бар асоси шиносоии антибодӣ дар Эрон тавлид шуд ва ба зудӣ дар дастрас қарор мегирад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур бомдоди якшанбе дар Твиттер навишт: Бо талоши фанноварон ва ширкатҳои донишбунёни эронӣ ба зудӣ тести шиносоии антибодии КОВИД-19 ва тести сареи корона бар асоси шиносоии антибодӣ, дар дастрас хоҳад буд.

Ҷаҳонпур афзуд: Ин равишҳои ташхисии сареъ, камҳазина ва фарогир, иҷрои марҳилаи фосилагузории ҳушмандро дар ҳафтаҳои оянда осон хоҳад кард.

Бар асоси охирин омор, то кунун дар Эрон 70 ҳазору 29 нафар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шуда ва теъдоди ҷонбохтагони корона ба 4 ҳазору 357 нафар расидааст.

Дар дунё низ то кунун беш аз як миллиону 770 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шуда ва 108 ҳазору 338 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.