Апрел 12, 2020 12:25 Asia/Dushanbe
  • Арсаи сиёсати хориҷӣ: Саҳнаи маҳкумиятҳо ва ибрози инзиҷор аз таҳримҳо зидди Эрон

“Маҳрум кардани кишварҳо аз доштаҳои молии худ ва мамониат аз баҳрагирии онон аз манобеи молии байналмилалӣ, нишонгари дарк накардани лузуми талоши ҳамагонӣ барои мубориза бо корона  аст”.

Баҳроми Қосимӣ, сафир Эрон дар Фаронса рӯзи шанбе дар чанд “твитт”, ки дар сафҳаи сафорати Эрон дар Фаронса мунташир шуд,зимни баёни абъоди талх аз фоҷиаи корона  дар ҷаҳон, талоши бархе кишварҳо барои идомаи сиёсатҳои таҳримӣ ва фишори ҳаддиаксарӣ бо аҳдофи сиёсӣ бар зидди Эронро, ёдовар шуд ва таъкид кард, мубориза бо ин дарди муштарак, танҳо бо талоши мустамар ва ҳамагонӣ имконпазир хоҳад буд.

Қосимӣ бо баёни инки ҷаҳон тасвири ҷадиде аз нигаронӣ, дилҳура, рақобат ва андешидан ба худро дар маъразт дид ва тамошои таърих ва ҷаҳони баҳам «нопайваста»-и имрӯз гузоштааст, ёдовар шуд, дар саросари ҷаҳон тайи даҳаҳо, кишварҳо шоҳиди анвои балоёи табиӣ аз зилзила ва сел будаанд ва ҷаҳониён бо ҳар ният ва нигоҳе дар имдодрасонӣ ба фоҷиадидагон талош ва баёни ҳамдардӣ кардаанд.

Дар ҳамин чорчуб Козим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Русия низ рӯзи шанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Toyohisa Kozuki, сафири Ҷопон  дар Москва, зимни қадрдонӣ аз ҳимояти Ҷопон  аз муборизаи Эрон бо корона, терроризми беҳдоштӣ алайҳи Эрон, охирин иқдомоти сурат гирифта тавассути Ҷумҳури исломӣ барои мубориза бо ин падидаи шум ва сангандозии Амрико дар масири талоши ҷаҳонӣ барои мубориза бо коронаро маврид баҳс ва табодули назар қарор дод. Дар ин гуфтугӯ сафири Ҷопон, азм ва талошҳои Эрон дар мубориза бо коронаро мавриди таҳсин қарор дод.

Давлати Амрико  бо эъмоли таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Эрон, муқаррароти байналмилалӣ, аз ҷумла муқаррароти беҳдоштии мусавваби соли 2005 Созмони беҳдошти ҷаҳониро низ зери по гузоштааст. Ин раванд муборизаи ҷаҳонӣ бо коронаро, ки фурсате барои ҳамбастагӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ аст,ба чолиш кашондааст.

Амрико бо таҳримҳояш алайҳи Эрон ба дунё нишон дод, ки то чӣ андоза аз арзишҳо ва меъёрҳои инсонӣ бадур аст.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ахиран дар “Твиттер” навишт, мухолифати Амрико  бо эътои воми Сандуқи байналмилалии пул барои таъмини ақломи мавриди ниёзи муқобила бо корона, мисдоқи воқеии ҷиноят алайҳ башарият аст.

Сукут ва инфиол дар муқобили ин ҷиноёт, чӣ дар гузашта ва чӣ акнун, ки бо таҳримҳои золимонаи Амрико ва идомаи зулму таҳмили ҷанг ба миллатҳои минтақа идома дорад, аз масоиле аст, ки ба зиёни башарият аст. Вируси корона таҳдиде аст, ки бояд дар канори иқдомоти хунсокунанда ва дармонгари кишварҳо, бо азми ҷаҳонӣ ба он хотима дод.

Иқдоми зиддиинсонии раисиҷумҳури Амрико воқеияти дурӯғин ва ҷаълӣ будани қавонини ҳуқуқи башарро дар бисёре аз кишварҳо бавижа дар кишварҳои ғарбӣ фош мекунад. Амрико вируси коронаро абзоре барои фишор ба мардум ва расидан ба аҳдофи сиёсати хориҷии худ медонад.

“Комиссиюни таҳкими сулҳи Созмони Милали Муттаҳид” бо ибрози нигаронӣ аз ин иқдомот, дар баёнияе, шуюи «КОВИД-19»-ро як буҳрони инсонӣ бар шумурда ва ёдовар мешавад, ки ин вирус хатари қобили таваҷҷуҳ барои дастовардҳое аст, ки ба сахтӣ дар заминаи таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳосил шудаанд.

Интишори баёнияҳо, “твитт”-ҳо, интиқодҳо ва ибрози инзиҷорҳо аз таҳримҳои золимонаи Амрико  бар зидди Эрон, баёнгари як мутолибаи ҷаҳонӣ аст. Дар воқеъ чолише, ки таҳримҳои золимонаи Амрико  дар заминаи дастёбии Эрон ба дору ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёз барои дармони беморон ва пешгирӣ аз шуюи он эҷод карда, масъалае аст, ки бояд дар сатҳи байналмилалӣ, пайгирӣ шавад.