Беҳбудии ҳудуди 44 000 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
Апрел 12, 2020 12:02 Asia/Dushanbe
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 43 894 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон, бо ишора ба ибтилои 71 686 нафар ба коронавирус тасреҳ кард:
Дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 1657 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 117 нафар дар 24 соати гузашта гуфт:
Фавти ношӣ аз коронавирус дар Эорн ба 4 474 нафар расидааст.