Зариф: Амрико фурсати тарки эътиёд ба таҳримро аз даст дод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52675-Зариф_Амрико_фурсати_тарки_эътиёд_ба_таҳримро_аз_даст_дод
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Твиттер тасреҳ кард: Вируси корона фурсате барои Амрико буд то эътиёд ба таҳримҳоро тарк кунад, аммо Вашингтон онро аз даст дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 14, 2020 08:36 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико фурсати тарки эътиёд ба таҳримро аз даст дод

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Твиттер тасреҳ кард: Вируси корона фурсате барои Амрико буд то эътиёд ба таҳримҳоро тарк кунад, аммо Вашингтон онро аз даст дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттер навишт: Эрон ба рағми таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва ба лутфи манобеи инсонӣ ва илмӣ ва дӯстони хориҷии худ, пешрафти чашмгире дар муқобила бо вируси корона доштааст.

Зариф афзуд: Бемории КОВИД-19 фурсате барои Амрико буд то эътиёди худ ба таҳримҳоро тарк кунад; ба ҷойи он Амрико дар зеҳни мардуми Эрон бадном боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳафтаҳои ахир ба думболи шуюи вируси корона дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, мақомоти байналмиллалӣ ва шуморе аз кишварҳо аз ҷумла Туркия, Русия, Покистон ва Чин хостори қатъи таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.

Бо ин ҳол мақомоти Кохи Сафед ҳамчунон бар идомаи рӯйкарди таҳримии худ дар чорчуби сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ зидди Эрон исрор доранд ва ба сурати мустамар ба эъломи таҳримҳои ҷадид зидди ҷумҳурии исломӣ мепардозанд.

Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоте барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронаӣ шудааст.