Апрел 14, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии плазмадармонӣ барои мудовои беморони каронаӣ дар Эрон

Сарпарасти тарҳи плазмадармонии Эрон гуфт: тарҳи истифода аз плазмаи беҳбудёфтагони карона ба унвони яке аз равишҳои мудовои ин беморон дар 6 остони Эрон роҳандозӣ шуд.

Ҳасан Абулқосимӣ сарпарасти тарҳи плазмадармонии Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо Ирна, зимни ишора ба инки вокуниши бисёр шадиди системаи имении бадан, сабаби маргу мири афроди мубтало ба карона мешавад, афзуд: тарҳи таҳқиқотии плазмадармонӣ ба сурати мавридӣ-шоҳид дар ҳоли анҷом аст ва дар он аз хосияти подтанӣ барои аз байн бурдани вируси карона истифода мешавад.

Абулқосимӣ, ба нақши муассири плазмаи беҳбудёфтагони бемории карона дар мудовои беморон низ ишора карду гуфт: натоиҷи аввалияи таҳқиқот нишон медиҳад, ки бо ин тарҳ 40 фоизи маргу мири беморони бадҳоли кароноӣ коҳиш ёфтааст.

Сарпарасти тарҳи плазмадармонии Эрон, яке аз далоили коҳиши теъдоди беморон дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористонҳоро истифода аз плазмадармонӣ эълон кард ва афзуд: имкони тавлиди плазма ба сурати ихтисосӣ дар Эрон вуҷуд дорад.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун аз маҷмӯи 73 ҳазору 303 нафаре, ки дар кишвар ба вируси карона мубтало шудаанд, ҳудуди 46 ҳазор нафар аз онҳо беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Ва 4 ҳазору 585 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп