Апрел 16, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми гурӯҳи мусаллаҳи қочоқи маводи мухаддир тавассути нирӯҳои амниятии Эрон

Нирӯҳои амниятии Эрон як гурӯҳи шарорат, ноамнӣ ва қочоқи созмонёфта ва мусаллаҳонаи маводи мухаддирро дар устони Систон ва Балучистон (ҷануби шарқи Эрон), шиносоӣ ва муталошӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, мудири кулли иттилооти Систон ва Балучистони Эрон бо ишора ба инки аъзои ин гурӯҳ, ки дар ҳар сол беш аз сад тон маводи мухаддирро аз марз ворид ва тавзеъ мекарданд, гуфт, аъзои ин гурӯҳ даргириҳои мутааддиде бо нирӯҳои амниятӣ ва интизомии Эрон доштанд ва дар соли гузашта, низ яке аз маъмурони амниятии Ҷумҳурии исломиро ба шаҳодат расонданд.

Вай афзуд, нирӯҳои амнияити Эрон дар ин амалиёт, саркардагон ва тамомии аъзои ин гурӯҳро дастгир ва ҳафт дастгоҳ худрав, се дастгоҳ мотосикл, миқдоре силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ, бесим (беспроводной), дӯрбини дид дар шаб, телефонҳои моҳвораӣ ва миқдоре маводи мухаддирро кашфу забт карданд.

Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон ба унвони парчамдори мубориза бо маводи мухаддир ном бурдааст.

Бар асоси оморҳои СММ, 75 дарсади кашфиёти тарёки ҷаҳон, 61 дарсади морфини ҷаҳон ва 17 дарсад героини ҷаҳон марбут ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони хатти муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон, ҳудуди 4 ҳазор шаҳид ва беш аз 12 ҳазору 500 захмӣ дар ин роҳ тақдим кардааст.

 

Барчасп