Мушаххас шудани рамзи генетикии коронавирус дар Эрон
Муҳаққиқони эронӣ барои аввалин бор дар кишвар тавонистанд геноми коронавирусро таъин ва рамзи генетикии онро мушаххас кунанд.
Сируси Зайналӣ, раиси Анҷумани биотехнологияи Эрон рӯзи ҷумъа бо баёни ин, ки то кунун наздик ба 4 000 таъини таволӣ (пайдарпаӣ)-и коронавирус ба сабт расида, ки бахши умдаи он марбут ба Амрико аст, афзуд: Муҳаққиқони эронӣ дар шароити таҳрим тавонистанд ба ин муваффақият даст ёбанд ва онро таъини таволӣ (пайдарпаӣ) кунанд.
Зайналӣ бо ишора ба мавзӯи ҷаҳиши генетикии коронавирус дар ҷомеаҳои илмӣ ва умумӣ тасреҳ кард:
Бархе мӯътақиданд, ки ин вирус дар Эрон ҷаҳиш ёфта ва доиман дар ҳоли тағйир аст, ки бар асоси таъинин таволӣ, навъи эронӣ ва дигар маворид, ин мавзӯъ сиҳат надорад.
Вай ҳамчунин афзуд: Бо таъини таволии коронавирус мушаххас шуд, ки дар сурати тавлиди ваксина ё дору барои коронавирус, дар тамомии кишварҳо қобили истифода буда ва ниёзе ба тавлиди ваксинаи ихтисосии ҳар ҷамъият ё кишваре нест.