Рӯнамоӣ аз маҳсулоти фанноваронаи муртабит бо бемории коронавирус дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52792-Рӯнамоӣ_аз_маҳсулоти_фанноваронаи_муртабит_бо_бемории_коронавирус_дар_Теҳрон
Маҳсулоти фанноваронаи мухталифи муртабит бо бемории коронавирус, ки тавассути ширкатҳои донишбунёни эронӣ сохта шудааст, дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 18, 2020 09:18 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз маҳсулоти фанноваронаи муртабит бо бемории коронавирус дар Теҳрон

Маҳсулоти фанноваронаи мухталифи муртабит бо бемории коронавирус, ки тавассути ширкатҳои донишбунёни эронӣ сохта шудааст, дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Маҳсулоти фанноваронаи муртабит бо бемории коронавирус, аз ҷумла бастаҳои ташхиси сареи ин беморӣ, лавозими изолятсионӣ ва озонизатор, чанбарҳои назорати рафту омад ва зиддиуфунӣ, нармафзори "Ток" (тағзия, эминӣ, коронавирус), рӯзи шанбе бо ҳузури Сурно Сатторӣ, муовини илмӣ ва фанноварии раиси Ҷумҳурии исломиии Эрон рӯнамоӣ шуд.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эорн, то кунун аз маҷмӯи 79 494 нафаре, ки дар кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, 54064 нафар аз онҳо беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 4 958 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.