Сабти ихтирои муҳаққиқони Донишгоҳи илм ва санъати Эрон дар Амрико
(last modified Sat, 18 Apr 2020 09:15:05 GMT )
Апрел 18, 2020 14:15 Asia/Dushanbe
  • Сабти ихтирои муҳаққиқони Донишгоҳи илм ва санъати Эрон дар Амрико

Теъдоде аз устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи илм ва санъати Эрон, маваффақ ба сабти як ихтирои байналмилалӣ дар Идораи сабти ихтирооти Амрико шуданд.

Ба гузориши ИРНА, теъдоде аз устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи муҳандисии химия, нафт ва гази Донишгоҳи илм ва санъати Эрон пас аз ҳудуди 10 соли таҳқиқ ва пажӯҳиш, муваффақ ба ироаи катализии ҷадид барои гӯгирдзудоӣ аз сӯхтҳои гидрокарбонии моеъ аз қабили дизел, бензин, мейоноти газӣ, керосин, сӯхи ҷет ва нафти кура шуданд.

Дар ин ихтирои байналмилалӣ, ки натоиҷи он дар Идораи сабти ихтироти Амрико ба сабт расида, аз афзуданиҳои арзон дар фароянди синтез истифода шудааст.