Беҳбудии ҳудуди 56 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
(last modified Sat, 18 Apr 2020 11:05:00 GMT )
Апрел 18, 2020 16:05 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 56 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: То кунун 55 ҳазору 987 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон, бо ишора ба шиносоии 1374 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта гуфт: То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 80 ҳазору 868 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд. Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 73 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт: Фавтиҳои вобаста ба вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 31 нафар расидааст. Мардуми Эрон дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарии "Кумаки муъминона" барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва қишрҳои осебдида аз бемории корона ва афроде, ки касбу кори худро бар асари шуюи ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд. Дар ин тарҳ, ки бо меҳварияти Созмони басиҷи мустазъафини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ оғоз шудааст, кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии мардум дар саросари Эрон ҷамъоварӣ ва ба дасти ниёзмандони ҳамон минтақа хоҳад расид.