Апрел 19, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Фароҳам шудани муқаддамоти тавлиди подтани коронавирус дар Эрон

Бо талоши муҳаққиқони эронӣ, муқаддамоти тавлиди имоноглоболини ихтисоси (подтан)-и коронавирус дар Эрон фароҳам шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, подтан ё антибодӣ (antibody) навъе протеин аст, ки дар дастгоҳи эминии бадан, дар посух ба ҳузури антигени хоссе, тавлид мешавад ва дар хун ба гардиш меояд. 

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНО, Ҳасан Абулқосимӣ- сарпарасти тарҳи пласмаи дармонии Эрон бо ишора ба фароҳам шудани тавлиди подтани вируси корона дар Эрон гуфт: Идеаи мутахассисони эронӣ, сохти ин гуна подтан аст ва ин кор дар ҳоли тай кардани марҳилаҳои ниҳоӣ аст.   

Абулқосимӣ афзуд: Корҳои хубе дар ин замина дар кишвар анҷом шуда ва мунтазири таъиди онҳо аз сӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳастем.   

Сарпарасти тарҳи пласмаи дармонии Эрон, холистар шудани пласма ва имкони нигаҳдории роҳаттарро аз ҷумлаи мазиятҳои ин тарҳ эълом кард ва гуфт: Пласма дар дамои камтар аз  20 дараҷа ва дар кисаҳои махсус бояд нигаҳдорӣ шавад, аммо дар ин ҳолат намунаҳо дар дорухонаҳо ҳам нигаҳдорӣ хоҳанд шуд