Беҳбудии ҳудуди 57 000 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52835-Беҳбудии_ҳудуди_57_000_нафар_аз_мубталоён_ба_коронавирус_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 57 023 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 19, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 57 000 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 57 023 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи якшанбе, дар гуфтугӯ бо хабарнигрон, дар бораи омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон, бо ишора ба шиносоии 1 343 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта гуфт:

То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 82 211 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 87 нафар дар 24 соати гузашта афзуд: Фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 5 118 нафар расидааст.