Сатторӣ : Эрон омодаи содироти таҷҳизоти пизишкӣ дар ҳавзаи бемории корона аст
(last modified Mon, 20 Apr 2020 02:41:42 GMT )
Апрел 20, 2020 07:41 Asia/Dushanbe
  • Сатторӣ : Эрон омодаи содироти таҷҳизоти пизишкӣ дар ҳавзаи бемории корона аст

Муовини илмӣ ва технологии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ба марҳилаи содироти таҷҳизоти пизишкӣ дар ҳавзаи бемории корона расидаем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сурно Сатторӣ- муовини илмӣ ва технологии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи чаҳорумин нишасти коргурӯҳи арзёбии расонаии мудирияти бемории корона дар Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Дар ҳавзаи тавлиди таҷҳизоти пизишкии муътабар ва дастгоҳҳои мухталифи утоқи амал, таҳаввулоти фавқулодае дар Эрон мушоҳида мешавад, ба тавре, ки ин ширкатҳо акнун таъидияҳои лозимро доранд ва метавонанд маҳсулоти худро ҳатто ба Аврупо содир кунанд.

Сатторӣ бо муқоисаи вазъияти маҳори вируси корона дар Эрон ва дигар кишварҳо гуфт: Мушорикати мардум ва нақшофаринии ширкатҳои донишбунён ва дигар дастгоҳҳо дар тавлиди ниёзҳои пизишкии кишвар боис шудааст акнун Эрон дар шароити контроли ин беморӣ қарор бигирад.

Дар рӯзҳои ахир таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронаӣ шудааст; бо ин ҳол донишмандони эронӣ бо такия бар тавони дохилӣ тавонистаанд таҷҳизот ва малзумоти пизишкии мавриди ниёзи кишварро барои муқобила бо вируси корона тавлид кунанд.