Апрел 21, 2020 12:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бурди мушакҳои баҳрии сипоҳ

Бурди мушакҳои баҳрии сипоҳ ба 700 километр афзоиш меёбд.

Ба нақл аз Эрон-Пресс, фармондеҳи неруи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ сипоҳ низ вориди манотиқи дифоӣ шуд, афзуд: Рисолати сипоҳ,  дифоъ аз ислом ва барқарории сулҳ ва оромиш аст.

Дарёдор Тангсирӣ бо ишора ба пешрафти низомии кишвар дар бахшҳои мухталифи низомӣ аз ҷумла таслиҳоти баҳрӣ афзуд: Мо муфтахарем, ки тамоми имконот ва таҷҳизоти низомии мо дар дохили кишвар тавлид мешавад ва мо вобаста ба кишварҳои хориҷӣ нестем.

Вай афзуд: Ин пешрафтҳо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар гузашта болотарин бурди мушакҳои баҳрии мо 45 километр буд, ки қарор буд аз сӯи мушовирони амрикоӣ идора шавад.  Аммо акнун мо анвои мухталифе аз мушакҳо бо бурди 700 километр дорем, ки тавлид шудаанд.

Дарёдор Тангсирӣ бо ишора ба дастовардҳои мухталифи сипоҳ дар ҳавзаи низомӣ дар 40 соли гузашта изҳор дошт: Вазъияти мо ба ҳеҷ ваҷҳ қобили муқоиса бо гузашта нест ва сипоҳ ва неруи баҳрӣ дар ҳоли сохти анвои мушак, киштӣ ва новшикан ҳастанд ва корҳои зиёде дар заминаи таҳқиқ ва тавсеа анҷом мешавад.