Апрел 22, 2020 14:18 Asia/Dushanbe
  • Партоби муваффақи нахустин моҳвораи низомии Эрон

Нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муваффақият дар мадори замин қарор гирифт.

Ба нақл аз Сипоҳ-Ниюз, субҳи имрӯз чаҳоршанбе Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ моҳвораи Нурро ба унвони нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз моҳворабари думарҳилаии қосид партоб кард.

Ин моҳвора аз кавири марказии Эрон партоб шуд ва дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт.

Сардор сарлашкар посдор Ҳусайни Саломӣ- фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дастёбии неруи дифоии қудратманде чун сипоҳ ба технологиҳои фазоиро як зарурат тавсиф кард ва афзуд: Имрӯз артишҳои қудратманди дунё бидуни қарор гирифтан дар фазо дорои нақшаи дифоии ҷомеъе нестанд ва дастёбӣ ба ин технологии бартарсоз, ки моро ба фазо мунтақил мекунад ва қаламрави тавоноиҳоямонро густариш медиҳад як дастоварди роҳбурдӣ аст.