Апрел 22, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мудирияти буҳрони Ғарби Осиё бояд дар дасти кишварҳои минтақа бошад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо подшоҳи Уммон таъкид кард, Теҳрон аз ҳар гуна тарҳе, ки мудирияти буҳрони минтақаи Ғарби Осиёро дар ихтиёри кишварҳои минтақа қарор диҳад, ҳимоят мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳайсам бин Ториқ, подшоҳи Уммон, бо қадрдонӣ аз Маскат ба далели ҳамкорӣ бо Теҳрон дар хусуси ибтикори тарҳи сулҳи Ҳурмуз хотирнишон кард, дар сояи равобити хуби ду кишвар дар тӯли таърих, тангаи Ҳурмуз дар сулҳ, субот ва оромиш аст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон ва Уммон ҳамвора барои ҷилавгирӣ аз бурузи ҷангу хунрезӣ дар минтақа талош кардаанд, ёдовар шуд, бояд ин иқдомот ҳамчунон идома дошта бошад то ҷанг дар Яман, ки муҷиби вайронӣ ва қаҳтӣ шуда, мутаваққиф шавад.

Раисҷумҳури Эрон дар идома бо ишора ба шароити сахти минтақа ва ҷаҳон ба дунболи шуюъи вируси корона ва зарурати ҳамкории ҳамаи кишварҳо дар муқобила бо ин беморӣ, бар интиқоли таҷориб ва дастовардҳои Эрон дар ин замина ба Уммон таъкид кард.

Рӯҳонӣ ба афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Уммон дар моҳҳои ахир низ ишора ва ибрози умедворӣ кард, тавофуқоти ду кишвар, аз ҷумла интиқоли гази Эрон ба Уммон ва сармоягузории Уммон дар бандари Чобаҳор ҳар чӣ зудтар иҷроӣ ва амалӣ шавад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин пешопеш ҳулули моҳи мубораки Рамазонро ба давлат ва мардуми Уммон табрик гуфт.

Подшоҳи Уммон ҳам бо таъкид бар зарурати тавсеа ва таъмиқи равобити ду кишвар дар ҳамаи сутӯҳ, иҷро шудани тавофуқоти Эрон ва Уммонро ба нафъи ду тараф донист.

Ҳайсам бин Ториқ зимни қадрдонӣ аз мавозеъ ва сиёсатҳои Эрон дар хусуси барқарории сулҳу субот дар минтақа ва барқарории амният ва оромиш дар тангаи Ҳурмуз афзуд, ҳама бояд талош кунанд то минтақа аз ҳар навъ ҷанг ва ҳаводиси нигаронкунанда дур бошад.