Октябр 03, 2016 15:28 Asia/Dushanbe

Дар остонаи моҳи Муҳаррам ва айёми азодории солори шаҳидон ҳазрати Абоабдуллоҳи Ҳусайн (а) парчами сиёҳи азо бар фарози гунбади ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас барафрошта шуд.

Ба иттилои Ирно, ҳамзамон бо оғози айёми сугвории шаҳодати имом Ҳусайн (а) наводаи гиромии расули Худо (с), парчами сабзи гунбади ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад ва пушиши зареҳи он ҳазрат асри рӯзи гузашта бо ҳузури ҳазорон нафар аз зоирон ва ҳайъатҳои азодории ҳазрати Ҳусайн ибни Алӣ (а) дар маросиме ба парчам ва пушиши сиёҳ табдил шуд .

Ин маросим ҳар сол дар остонаи Муҳаррам бо унвони "Азни азо" баргузор мешавад .

Таъвизи парчам ва пушиши зареҳ ҳамзамон бо маросими "Азни азо" бо ҳузури васии Остони қудси Разавӣ баргузор шуд .

Парчами сиёҳи азодории моҳҳои Муҳаррам ва Сафар ба муддати 63 рӯз бар фарози гунбади ҳарами имом Ризо (а) барафрошта мемонад .

Парчам ва пушиши зареҳи ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар айёми шаҳодат "сиёҳ" ва дар аъёд ва милоди аимаи атҳор (а) сабзранг аст .

Имрӯз душанбе сеюми октябри 2016 мусодиф бо аввали Муҳаррамалҳаром ва оғози соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ аст .