Зариф: Нирӯҳои амрикоӣ, малавонони эрониро таҳрик мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52976-Зариф_Нирӯҳои_амрикоӣ_малавонони_эрониро_таҳрик_мекунанд
вазири хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Халиҷи Форс, гуфт, онҳо малавонони эрониро дар савоҳили ҷанубии Эрон таҳрик мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 23, 2020 15:22 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Нирӯҳои амрикоӣ, малавонони эрониро таҳрик мекунанд

вазири хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Халиҷи Форс, гуфт, онҳо малавонони эрониро дар савоҳили ҷанубии Эрон таҳрик мекунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз дар вокуниш ба таҳдидоти ахири мақомоти амрикоӣ мабни бар ҳадаф қарор додан шиноварҳои эронӣ дар сурати наздик шудан ба киштиҳои ҷангии Амрико дар Халиҷи Форс, дар “твитт”-е навишт, артиши Амрико то кунун беш аз 5000 мавриди ибтило ба Ковид-19 дорад, Доналд Трамп (раисиҷумҳури Амрико) бояд ба ниёзҳои онҳо расидагӣ кунад, на инки ба мудохилоти ғайри қонунӣ дар минтақа идома диҳад.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард:«нирӯҳои амрикоӣ ҳеҷ коре дар фосилаи 7 ҳазор мойлӣ аз хонаи худ надоранд, ки малавонони моро дар савоҳили худамон дар Халиҷи Форс таҳрик мекунанд.»

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба тозагӣ дар “Твиттер” бидуни ишора ба ҳузури ғайри қонунии новҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс навишт, ба нирӯи дарёии Амрико дастур додааст ба самти қаиқҳои эронӣ, ки дар Халиҷи Форс ҳузур доранд, шиллик кунад.

Ҷумҳурии исломӣ борҳо эълом кардааст, расади шиноварҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии хориҷӣ дар тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс ҳаққи Эрон аст ва дар сурати тааррузи онҳо ба ҳарими дарёӣ ва ҳавоии Эрон, тибқи қавонини байналмилалӣ бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд.