Апрел 24, 2020 16:24 Asia/Dushanbe
  • Дипломати аршади эронӣ хитоб ба мақомоти амрикоӣ: Китоб бихонед

Сухангӯи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломӣ дар рӯзи ҷаҳонии Китоб (23 апрел) ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард, китоб бихонанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сайидаббоси Мусавӣ панҷшанбешаб дар ҳисоби твиттерии худ бо ишора ба рӯзи ҷаҳонии Китоб навишт: “Имрӯз - рӯзи ҷаҳонии Китоб аст. Тавсияи ройгони ман ба мақомоти амрикоӣ: китоб бихонед!”.

Мусавӣ афзуд, агар раҳбарони Амрико китобҳои ғайридостонӣ дар бораи умури ҷаҳонӣ мехонданд, аз таҳдиди беасос алайҳи миллати бузурги Эрон, иттико ба афроди дурӯғин барои қазоватҳои худ ва супурдани сиёсати Амрико дар қиболи Эрон ба ҷангталабон даст мекашиданд.