Апрел 24, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Шанбеи 25 апрел - аввали Рамазон дар Эрон

Дафтари ҳифз ва нашри осори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шанбеи шашуми урдибиҳишт, баробар бо 25 апрелро аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар Эрон эълом кард.

Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, фардо - шанбе нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар Эрон аст.

Ситодҳои истеҳлол ва гурӯҳҳои расад дар саросари Эрон ба ҳамроҳи таҷҳизоти расадӣ дар ғуруби рӯзи панҷшанбе барои расади ҳилоли моҳи Рамазон иқдом карданд, аммо ҳилоли моҳ дида нашуд, бинобарин фардо - шанбе оғози моҳи мубораки Рамазоналмубораки 1441 ҳиҷрии қамарӣ аст.

Дар теъдоде аз кишварҳое ҳамчун Сурия, Кувайт, Иморот, Арабистон, Тоҷикистон ва Русия имрӯз – ҷумъа, аввали моҳи мубораки Рамазон эълом шудааст.

 

 

 

Барчасп