Апрел 24, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико ва Аврупо наметавонанд Эронро мавъиза кунанд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Амрико ва Аврупо наметавонанд бар пояи тафсири иштибоҳ ва бемабно аз Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният, Эронро мавъиза кунанд.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи ҷумъа дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: “Амрико бар хилофи Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният аз соли 2017 машғули зӯргӯӣ ба ҳама будааст”.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, Аврупо ба ҷойи пайравӣ аз Қатъномаи 2231, аз Амрико итоат кардааст. Ҳеҷ кадоми онҳо (Амрико ва Аврупо) наметавонанд бар пояи тафсири иштибоҳ ва бемабно аз Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният, Эронро мавъиза кунанд.

Зариф гуфт, Эрон на силоҳи ҳастаӣ дорад ва на мушаке, ки барои ҳамли чунин силоҳҳои даҳшатноке тарроҳӣ шуда бошад. Ҳадс бизанед чӣ касе дорад?”

Пас аз партоби муваффақиятомези моҳвораи низомии эронии “Нур”, бархе аз мақомоти аврупоӣ ва амрикоӣ аз ин иқдоми Эрон ибрози нигаронӣ карда, муддаӣ шуданд, Эрон Қатъномаи 2231-ро нақз кардааст.