Беҳбудии беш аз 69 000 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
Апрел 26, 2020 12:14 Asia/Dushanbe
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба ибтило беш аз 90 000 нафар дар кишвар ба коронавирус эълом кард: То кунун 69 657 нафар аз мубталоён беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе гуфт, ки дар 24 соати гузашта 1 153 бемори ҷадид ба коронавирус шиносоӣ шуданд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 60 нафар дар 24 соати гузашта афзуд: Фавти ношӣ аз корронавирус дар Эрон ба 5 710 нафар расидааст.
Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдоштиЭрон афзуд: То кунун 421 313 озмоиши ташхиси коронавирус дар 126 озмоишгоҳи кишвар анҷом шудааст.
Барчасп