Беҳбудии ҳудуди 71 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
(last modified Mon, 27 Apr 2020 11:13:43 GMT )
Апрел 27, 2020 16:13 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 71 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: то кунун 70 ҳазор ва 933 нафар аз мубталоён ба вируси корона беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон «Киёнуш Ҷаҳонпур» раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати  беҳдошти Эрон рӯзи  душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси  корона дар Эрон, бо ишора ба шиносоии 991 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта гуфт: бар асоси  меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 91 ҳазор ва 472 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.

 Ҷаҳонпур афзуд : имрӯз пас аз 36 рӯз, теъдоди мавориди  ҷадид ё ибтилои рӯзона ба Ковид- 19 дар кишвар ба камтар аз ҳазор маврид расид.

 Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоъ расонии Вазорати беҳдошти  Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 96 нафар дар 24 соати гузашта гуфт: фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 806 нафар расидааст.

 

Барчасп