Апрел 27, 2020 19:39 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти муҳаққиқони эронӣ дар сохтани сенсор барои зуд ошкор кардани саратон

Муҳаққиқони Донишгоҳи Технологияи Шариф дар Теҳрон дар лабораторияҳои ташхисӣ ва марказҳои тадқиқотӣ як сенсореро сохтаанд, ки ба зудӣ ҳуҷайраҳои саратониро ташхис медиҳад .

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон "Илоҳаи Козими Раҳматободӣ » муҷрии ин проект бо баёни инки ташхиси зудҳангоми саратонӣ аҳамияти бисёре барои бемор дорад , гуфт : ҳадаф аз ин проект , ироаи равишии сода , ҳассос , дақиқу арзон аст то битавон фаъолияти экзими  Telomerase ба унвони нишонгари интихобии саратонро таъин кард . Муҷрии ин проект бо баёни инки сатҳи болоии экзими Telomerase   нишондиҳандаи вуҷуди саратон аст, тасреҳ кард: аз фанноварии нано барои тавлиди ин бою сенсор истифода шуда, ки ташхиси анвоъи саратонҳо яке аз мазиятҳои он аст . Козимӣ бо ишора ба инки техникаҳои тасвирбардорӣ ба кор рафта барои ташхиси саратони монанди нури  экс ,  маммография, томографияи компютерӣ (КТ), томографияи резонанси магнитӣ (MRI), эндоскопия ва ултрасадо  ҳассосият каме доранду тавоноии онҳо дар тамоюз қоил шудани байни зойеъоти хушхиму бадхим маҳдуд аст , гуфт : як равиши муфиду умедбахш барои ташхиси зудҳангоми саратон , шиносоӣ ва ташхиси маводӣ дар хун ва дигар моеъҳои бадан истеҳсолкунандаи ин сенсор барои ташхиси фаврии саратон илова карда шуд: андозагирии сатҳи консентратсияи нишондиҳанда дар гил, хун, пешоб ё ҳоҷат ташхиси барвақти бемор, арзёбии хатари такроршавӣ ва табобати минбаъда имконпазир аст ва метавонад ба ташхиси зудҳангоми саратон кумак кунад .