Фароҳам шудани зарфияти рӯзона 40 ҳазор тести ташхиси корона дар Эрон
(last modified Tue, 28 Apr 2020 08:56:15 GMT )
Апрел 28, 2020 13:56 Asia/Dushanbe
  • Фароҳам шудани зарфияти рӯзона 40 ҳазор тести ташхиси корона дар Эрон

Раиси институти Постури Эрон гуфт: Имкони эҷоди зарфияти рӯзона 40 ҳазор тести ташхиси корона дар Эрон вуҷуд дорад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Алиризо Бегларӣ- раиси институти Постури Эрон дар ҳошияи нишасти муштараки намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ситоди муқобила бо корона дар Теҳрон афзуд: Бо иқдомоти анҷомшуда дар Эрон шумори озмоиши корона аз 200 намуна дар рӯз ба 15 ҳазор намуна расидааст ва ҳамин шабака метавонад ба роҳатӣ қудрати худро се баробар афзоиш диҳад.

Бегларӣ бо ишора ба иқдомоти кишварҳои мухталиф дар муқобила бо вируси корона тасреҳ кард: Дар ҳоле, ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ҳамчун Англис озмоиши срологияи антибадиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, мушоҳида карданд иттилооти ироашуда бисёр печида  ва геҷкунандааст.

Раиси институти Постури Эрон бо баёни ин ки Эрон тести мулкулии Реалтайм PCR-ро анҷом дод, ки аз назари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ муваффақияте бузург ба ҳисоб омад, изҳор кард: Ингуна озмоиш сареътар ва камҳазинатар аст.

Дар ҳамин ҳол, Ваҳид Юнусӣ- мудири як ширкати донишбунён дар Эрон бо ишора ба тавлиди тестҳои  ташхиси бемории КОВИД-19 бо равиши стандарти мулкулии PCR  гуфт: Аз ибтидои тарроҳии тести ташхиси КОВИД-19, таваҷҷуҳамон ба тавлиди анбӯҳ буд ва тавонистем зерсохтҳои тавлиди беш аз 40 миллион тестро амалисозӣ кунем.

 

Барчасп