Рӯҳонӣ хитоб ба амрикоиҳо ; инҷо Халиҷи Форс аст на халиҷи Ню -Йорк
Дар рӯзи миллии Халиҷи Форс дар Эрон , раиси ҷумҳурии Эрон ба амрикоҳиҳо таъкид кард ,ки Халиҷи Форс ба номи миллати Эрон аст.
Имрӯз 29 апрели 2020 солрӯзи ихроҷи истеъморгарони Пуртуқолӣ аз обҳои ҷунубии Эрон дар соли 1622 милодӣ, дар Эрон рӯзи миллии Халиҷи Форс номгузори шудааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз чоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат , рӯзи миллии Халиҷи Форсро табрик гуфт ва афзуд ; амрикоиҳо бояд бо нигоҳ ба номи Халиҷи Форс ва миллате ,ки ҳазорон сол ҳофизи он об роҳ буданд,шароитро дарк кунанд ва ҳар рӯз алайҳи миллати Эрон тавтиа накунанд.
Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт ; амрикоиҳо бояд бидонанд ин об роҳ баноми Халиҷи Форс аст ва номи он халиҷи Ню- Йорк ва ё халиҷи Вашингтон нест.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ,ки миллати Эрон дар ҳифозат аз об роҳи Халиҷи Форс ҳамвора мувафақ будааст афзуд ; сарбозони Эрон дар неруҳои мусалаҳ, ҳамеша посдори Халиҷи Форс будаанд ва хоҳанд буд.
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба тадобири Эрон барои муқобила бо Корона гуфт ; Эрон бо вуҷуди таҳримҳо, барои муқобила бо Корона рӯйи пои худ истода ва ба нуқтае расидааст ,ки метавонад кити ташхиси подтанро содир кунад.
Раиси ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин,ки поёни Корона дар ҷаҳон қобили пешбини нест гуфт ; ба далели равшан набудани поёни вируси Корона ,бояд худро барои фаолиятҳои мухталифи мисли омӯзиш, кор ва сар зинда нигаҳдоштани ҷомиъа, омода нигаҳ дорем.