Май 01, 2020 16:01 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати рӯзи Муаллим

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи Муаллимро ба ҳамаи муаллимон дар мадорис, донишгоҳҳо ва ҳавзаҳои илмия табрик гуфтанд.

Ҷумъа, аввали май (12 урдибиҳишт) солрӯзи шаҳодати устод Муртазо Мутаҳҳарӣ дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи "Муаллим" ном‎гузорӣ шудааст.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар паёме бо баёни ин ки низоми исломӣ бо ҳадафи шаклгирии як ҷомеаи динии одилона ва ормонхоҳ падид омад, гуфтанд: “Кӯдаку навҷавон ва ҷавон дар кишвари исломӣ меомӯзад, ки истеъдод ва тавони билқувваи худро барои арзишҳои мутаолии миллӣ, яъне арзишҳои исломӣ ва инқилобӣ шукуфо кунад ва ба кор гирад”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ кори бузурги муаллимонро омӯзиш ва шукуфосозии истеъдодҳои кӯдакон ва навҷавонон дар масири арзишҳои исломӣ ва инқилобӣ, бо ҳадафи эҷоди як ҷомеаи динии одилона ва ормонхоҳ донистанд.

Эшон афзуданд, ин омӯзиши ҳаётӣ ва созукори таҳаққуқи он, ҳамон кори бузург ва ҷиҳоди мубораке аст, ки муаллимон ӯҳдадори он шудаанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём хотирнишон карданд, Ислом моро ба илми нофеъ фаро мехонад, илми нофеъ аз сӯе ҷавони эрониро ба абзорҳои лозим барои пешрафт ва эътилои кишвар ва миллаташ муҷаҳҳаз месозад ва аз сӯе ба ӯ ҳуввият мебахшад ва ӯро аз эътибори рӯҳиву маънавӣ ва эътимод ба нафс бархурдор мекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо баёни ин ки насли ҷавони мо биҳамдуллоҳ улгуҳои дурахшон ва барҷастаеро ҳам мешиносад, ки дар дунёи моддии имрӯз назоири онҳоро камтар метавон ёфт, ёдовар шуданд: “Дуруди Худо бар шаҳидон ва сипоси мо ба муаллимон ва хушомади мо нисори насли ҷавони хушоқибати миллати Эрон бод”.