Беҳбудии 78 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
(last modified Sun, 03 May 2020 11:04:50 GMT )
Май 03, 2020 16:04 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии 78 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун, 78 ҳазору 422 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии, Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ҳамчунин гуфт: Дар 24 соати гузашта, 976 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус шиносоӣ шудаанд.

Вай афзуд: То кунун, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 97 ҳазору 424 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин аз фавти 47 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон, бар асари бкмории коронавирус хабар дод ва гуфт: Мавориди фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 6 ҳазору 203 нафар расидааст.

 

Барчасп