Эрон ба Олмон китҳои ташхисии Ковид-19-ро содир кард
Нахустин маҳмулаҳои ташхисии Ковид-19 сохти як ширкати донишбунёни эронии шомили 40 ҳазор тест ба кишвари Олмон содир шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори садо ва симои Эрон, Ёшо Фаррухзод мудири бозаргонии ширкати донишбунёни эронӣ "пештози тиб" рӯзи сешанбе дар бораи содироти ин маҳсули донишбунён гуфт: дар як моҳи гузашта бо таваҷҷуҳ ба шуюи вируси корона дар Эрон ва ниёз ба китҳои ташхисӣ, ба суръат китҳои серологиии Ковид- 19 бо болотарин кайфият дар ширкати пештози тибби тавлид ва муҷаввизҳои лозим аз идораи кулли таҷҳизоти пизишкии Эрон дарёфт шуд.
Мудири бозаргонии ширкати пештози тибб гуфт, ки ин ширкат метавонад рӯзона як миллион тести ташхиси корона тавлид кунад ва дар ҳоли ҳозир беш аз 60 кишвар тақозои дарёфти маҳсулоти муртабит бо коронои ин ширкатро эълом карданд.
Фаррухзод афзуд: Олмон, Туркия ва Полша, чанд кишвар дар Америкаи ҷанубӣ ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (cis) аз ҷумла дархосткунандагони китҳои эронӣ ҳастанд.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон низ рӯзи сешанбе аз хариди 200 ҳазор кити ташхиси Ковид-19 аз тавлидкунандагон ва ширкатҳои донишбунёни дохилӣ хабар дод.