Май 05, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба корона дар Эрон дар марзи сад ҳазор нафар

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард то кунун 80 ҳазору 475 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт,ки дар 24 соати гузашта, як ҳазору 323 бемори ҷадид дар Эрон шиносоӣ шудаанд. 
Вай афзуд: то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 99 ҳазору  970 нафар дар Эрон ба вируст корона мубтало шудаанд. 
 
 Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 63 нафар дар 24 соат гузашта, гуфт: теъдоди мавориди фавт дар асари Ковид-19 дар Эрон ба шаш ҳазору 340 нафар расидааст. 
 
 Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз се миллиону 660 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 252 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз як миллиону 204 нафар низ беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Барчасп