Май 07, 2020 17:57 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷии Эрон: Амрико дар ҷойгоҳи тарҳи мавзӯи БарҶОМ нест

Вазорати умури хориҷии Эрон дар дувумин солгарди хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ тасреҳ кард, Амрико аслан дар ҷойгоҳе нест, ки мавзӯоти БарҶОМ-ро матраҳ кунад.

Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз дар дувумин солгарди хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ дар сафҳаи твиттерияш навишт: “Амрико аз БарҶОМ нафрат дорад ва аз он хориҷ шуда, онро нақз мекунад ва ҳама ононеро, ки ба БарҶОМ пойбанд ҳастанд, танбеҳ мекунад”.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8-уми майи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар БарҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

 

Барчасп