Барпоии намози ҷумъа дар 157 шаҳри Эрон
Дар пайи эъломи вазъияти камхатар дар бархе шаҳристонҳои Эрон, намози ҷумъаи имрӯз (ҳаштуми май) дар 157 шаҳр, дар 21 устон бо иҷрои комили дастуруламалҳои беҳдоштӣ баргузор мешавад.
Алии Нурӣ, муовини созмондеҳии шӯрои сиёсатгузории аиммаи ҷумъаи Эрон гуфт, дар шаҳрҳои сафеде, ки қарор аст намози ҷумъа баргузор шавад, илова бар риояти комили протоколҳои беҳдоштӣ, иқомаи намоз бисёр кӯтоҳ ва маросими пеш аз хутба низ баргузор намешавад.
Ҳамчунин дар идомаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ситоди миллии муқобила бо корона, маросими ибодӣ - сиёсии намози ҷумъа то иттилои сонавӣ дар марокизи устонҳо иқома нахоҳад шуд ва дар дигар шаҳристонҳо ва манотиқ, тобеи таъйин ва эъломи масодиқи ҷадид аз манотиқи сафед хоҳад буд.
Пештар шӯрои сиёсатгузории аиммаи ҷумъаи Эрон дар иттилоияе бо ишора ба зарурати худдории мардум аз ҳузур дар иҷтимоот то замони контроли комили бемории “Ковид -19” эълом кард, намози ҷумъа дар марокизи тамоми устонҳо иқома нахоҳад шуд.
Ба иллати шуюи вируси корона дар Эрон, намози ҷумъа аз авоили моҳи март ба ҳолати таълиқ даромада буд.