Мусавӣ: Якҷонибагароии Амрико поён ёбад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Амрико бояд ба якҷонибагароии хиффатбораш поён диҳад.
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷа рӯзи ҷумъа дар паёме, бо интишори доданамое аз хуруҷи Амрико аз паймонҳои байналмилалӣ навишт: БарҶом на нахустин ва на охирин дастоварди чандҷонибае аст, ки Доналд Трамп аз он хориҷ шуд.
Мусавӣ гуфт, режими Амрико ба дунболи он аст то манофеи кӯтоҳмуддати худро ба қимати рифоҳи дарозмуддати кишварҳо таъмин кунад.
Хабаргузории “Асошейтед Пресс”, ба тозагӣ ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ хабар дод, ки Вашингтон бо вуҷуди хуруҷ аз БарҶом мехоҳад пешнависи қатъномаеро, ки барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон таҳия карда, дар моҳи ҷории мелодӣ (майи 2020), ки Эстония ба унвони муттаҳиди Натоии Амрико раёсати давраии Шӯрои амниятро ба ӯҳда мегирад, ба раъй бигузорад.
Таҳримҳои таслиҳотии Шӯрои амнияти Созмони Милал зидди Эрон дар солҳои 2006 ва 2007 барои мамнуияти фурӯши силоҳ ба Эрон ва содироти силоҳ аз Эрон вазъ шуд.
Пас аз тавофуқи БарҶом муқаррар шуд, ин таҳримҳо 18 октябри 2020 ва пас аз он ки гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эронро таъйид кард, бардошта шавад.
Амрико дар шароите дар хусуси поёни таҳримҳои таслиҳотии Эрон ибрози нигаронӣ мекунад, ки тибқи таҳқиқоти муассисаи байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм, Амрико бузургтарин содиркунандаи таслиҳот дар ҷаҳон аст ва 36 дарсад аз содироти таслиҳоти кулли ҷаҳонро дар бозаи замонии 2015 то 2019 ба худ ихтисос додааст.