Май 09, 2020 11:46 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Имом Ҳасани муҷтабо (а) шуҷоътарин чеҳраи таърихи ислом аст

Ҳисоби Твиттери пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати валодати Имом Ҳасан (а) навишт: Имом Ҳасани муҷтабо (а) шуҷоътарин чеҳраи таърихи ислом аст.

Ҳисоби Твиттери пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуд: Имом Ҳасан (а) ҳозир шуд худро ва номи худро дар миёни дӯстони наздикаш фидои маслиҳати воқеӣ кунад ва тан ба  сулҳ диҳад, баро ин, ки дидбонии ислом ва ҳифозат аз Қуръон ва ҳидояти наслҳои ояндаи таърихро дар мавқеи худ анҷом диҳад.

Имрӯз (шанбе) 20-уми урдубиҳишти 1399, баробар бо 15-уми рамазони соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ ва 9-уми майи соли 2020 мелодӣ, баробар аст бо солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Имом Ҳасани муҷтабо (а) аст.