Қадрдонии вазири умури хориҷаи Эрон аз порсиёни Ҳинд
Вазири умури хориҷаи Эрон аз порсиёни эронитабори Ҳинд, ки кумакҳои худро барои мубориза бо коронавирус ба мардуми Эрон ирсол мекунанд, қадрдонӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, севвумин бастаи кумакҳои порсиёни зартуштиёни Ҳинд ба мардуми Эрон таҳвили Сафорати ҷумҳурии исломӣ дар Деҳлии Нав шуд ва қарор аст бо аввалин парвози мумкин ба Эрон фиристода шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳисоби Твиттери худ навишт: Порсиёни Ҳинд (зартуштиёне, ки ниёгони онҳо солҳо қабл ба Ҳинд муҳоҷират кардаанд) дар ишқ ба Эрон вафодор мондаанд. Аз баста (муқобила бо)-и КОВИД-19-и онҳо ташаккур мекунем.
Бастаи севвуми кумаки порсиёни Ҳинд ба мардуми Эрон, шомили доруҳои мубориза бо коронавирус аст, ки намояндагони анҷуманҳои мухталифи порсиёни Ҳинд таҳвили Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Нав доданд.
Ин анҷуманҳо дар ду бастаи қаблии худ низ миқдори қобили таваҷҷуҳе таҷҳизоти пизишкӣ, дору , ниқоби тиббӣ ва дастгоҳҳои танаффуси сунъӣ ба мардуми Эрон эҳдо карда буданд.
Эрониёни муқими Ҳинд, мусулмонони ҳиндӣ ва ҳатто бархе аз ҳиндувони дӯстдори Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин замина кумакҳое кардаанд.
Порсиёни Ҳинд ба рағми гузашти қарнҳо аз муҳоҷирати худ аз Эрон ба Ҳинд, ҳамчунон алоқаманд ва дӯстдори Эрон ҳастанд ва иртиботи отифӣ ва дӯстии худро бо сарзамини модарии худ, Эрон, ҳифз кардаанд.