Эрон ҳамлаи террористӣ дар Олмонро маҳкум кард
(last modified Sat, 23 Jul 2016 06:25:17 GMT )
Июл 23, 2016 11:25 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористӣ дар Олмонро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаи террористӣ дар Мюнхенро маҳкум ва бо миллату давлати Олмон ибрози ҳамдардӣ кард.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯ ва раиси маркази диломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷии Эрон имрӯз, шанбе, ҳамлаи террористӣ дар Мюнхени Олмонро маҳкум карда гуфт, мубориза бо терроризм дар ҳар шакли он ва дар ҳар куҷо ба унвони як хости ҷиддию фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва виҷдони башарӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор бигирад. Ӯ таъкид кард, имрӯз куштори мардуми бегуноҳу бедифоъ табдил ба лаккаи нанги дигаре дар таърихи башарият шудааст, ки барои аз миён бурдани он, раҳоӣ ҷуз муборизаи беамон, фарогир ва ба дур аз стандартҳои дугона вуҷуд надорад.

Асри ҷумъа ба дунболи тирандозӣ дар муҷтамаи тиҷории "Олимпиа" дар Мюнхен нашрияи "Фокус", чопи Олмон ба нақл аз шоҳидони айнӣ аз кушта шудани ҳафт нафар дар ин иртибот хабар дод. Ин дар ҳолест, ки бархе шабакаҳои иҷтимоӣ аз кушта шудани ҳудуди 15 нафар дар тирандозӣ дар ин муҷтамаи тиҷорӣ хабар додаанд.