Беҳбудии беш аз 86 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
Раиси маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 86 ҳазору 143 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар бо баёни ин, ки дар 24 соати гузашта 1383 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд, афзуд:
То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 107 603 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 51 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт: Фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 6 ҳазору 640 нафар расидааст.