Бозкушоиии марзи Эрон бо Туркманистон дар ояндаи наздик
Май 10, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
Муовини дипломатияи иқтисодии вазири хориҷа гуфт: Марзи Эрон бо Туркманистон дар оянди наздик боз хоҳад шуд.
Ба нақл аз Форс, Ғуломризо Ансорӣ бо баёни ин, ки ҳамаи марзҳо, аз заминӣ ва дарёӣ, ба ҷуз марзи Туркманистон боз ва фаъол ҳастанд, гуфт:
Бо музокироти анҷомшуда байни Эрон ва Туркманистон эҳтимолан марзи ду кишвари зарфи 10 то 20 рӯзи оянда боз хоҳад шуд.
Муовини дипломатияи иқтисодии вазири умури хориҷа дар ҳошияи ҷаласаи ситоди ҳамоҳангии иқтисодӣ афзуд: Ҳамаи марзҳо ба ҷуз марзи Туркманистон дар ҳоли ҳозир боз аст.