Май 11, 2020 09:05 Asia/Dushanbe
  • Ифтихороти мондагори Эрон дар мубориза бо коронавирус аз дидгоҳи раҳбари муаззами инқилоб

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, субҳи якшанбе дар иртиботи тасвирӣ бо Ситоди миллии мубориза бо коронавирус, ки бо ҳузури аъзои ин ситод ва устондорони 31 устони кишвар баргузор шуд, амалкарди миллат ва масъулонро дар ин замина дар паҳлуҳои мухталифи иҷтимоӣ- фарҳангӣ, дармонӣ, беҳдоштӣ, илмӣ, мудириятӣ ва хадамотӣ ҳаракате ҷиҳодӣ, азим ва ифтихоромез хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёни паҳлуҳои мухталифи тавфиқоти миллат ва масъулон дар мубориза бо коронавирус гуфтанд: Дар заминаи дармон ва анвои намуди хадамоти пизишкӣ, пешгирӣ, ғарболгарӣ (муойинаи пешакӣ), беҳдошти муҳит ва марокизи умумӣ, коре ҳақиқатан бузург ва арзиши қадрдонӣ дорад.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон, шикасти тавоноиҳои мудириятии Ғарб-ро низ хотирнишон карданд ва гуфтанд : Коронавирус дар Амрико ва Аврупо дар муқоиса бо дигар кишварҳо дертар хуруҷ пайдо кард яъне ин кишварҳо фурсат доштанд худро омодаи мувоҷеҳа бо ин вирус кунанд, аммо он чунонки бояд ва шояд натавонистанд, ки омори болои мубталоён ва фавтидагон дар Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва мушкилоти мухталифи мардум дар ин кишварҳо аз ҷумла бекорӣ, ин нотавониҳоро исбот мекунад.

Ишон ҳамчунин бо ишора ба мавориде ҳамчун ҳуҷум ба мағозаҳо ва бархе чолишҳои дигар афзуданд: Ғарбиҳо бо ҳамаи иддаоҳо дар ин замина низ шикаст хурдаанд, ки бояд ин воқеиятҳо барои афкори умумӣ баён ва бозгӯ шавад.

Суханони имрӯзи раҳбари муаззами инқилоб ишора ба ҳақиқатҳои талх ва ширин дар нигоҳи як буҳрони ҷаҳонӣ дорад, ки дар айни ҳол баёнгари тавонмандиҳои дарунии миллати Эрон дар шароити сахт ва буҳронӣ аст.

Коронавирус, ки авохири соли гузашта (2019) дар шаҳри Ухани Чин шиносоӣ шуд, инак ба як пандемия (бемории фарогири ҷаҳонӣ) табдил шудааст. Дар ин корзори бузург, заъфҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ, то дуздӣ кардани ниқоби тиббӣ ва таҷҳизоти дармонӣ ва дору тавассути кишварҳое, ки иддаоҳои бузурге дар тавонмандӣ ва сарват ва пешрафт доранд, аз чолишҳое аст, ки ҳампои пешрафти коронавирус дар чанд моҳи гузашта намоёнтар шудааст.

Ин рухдодҳои талх, аммо як паёми равшан ва сареҳ дорад ва он ҳамон нуктае аст, ки раҳбари муаззами инқилоб ба он ишора карданд ва фалсафаи иҷтимоии Ғарб дар муқобила бо коронавирусро низ шикаст хурда хонданд.

Ишон афзуданд: Руҳ ва мӯҳтавои фалсафаи иҷтимоӣ дар Ғарб бар пояи моддиёт ва пул устувор аст, ба ҳамин иллат аст, ки онҳо дар мавзӯи коронавирус ба солмандон, афроди мариз, бепул ва ақибмонда беэътиноӣ карданд чаро, ки ин қишрҳо тавоноии касби пул ва эҷоди моддиётро надоранд ба ҳамин хотир шумори зиёде дар хонаҳои солмандон ҷон бохтанд, ки ин воқеиятҳо шикасти фалсафаи иҷтимоии Ғарбро низ ошкор мекунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, имрӯз бо ифтихор эълом мекунад, ки метавонад таҷрибаи муваффақаш дар маҳори коронавирусро дар ихтиёри дигар кишварҳо қарор диҳад. Ин ифтихор натиҷае ширин ва мондагор аз талош бо вуҷуди сахтиҳо ва талхиҳо дар ин муборизаи бузург аст. Аз ҳамин рӯ аст, ки раҳбари муаззами инқилоб бар сабт, бозхонӣ ва ривояти ҳунармандонаи ин талош ва фидокории миллӣ таъкид карданд ва гуфтанд : Мардуми азизи Эрон бо рафтори матин ва сабуронаи худ инсофан хуш дурахшиданд ва фарҳанги исломӣ- эрониро ҷилвагар сохтанд.