Ҳодиса барои новчаи неруи баҳрии артиши Эрон бо 19 шаҳид
Равобити умумии неруи баҳрии артиши Эрон эълом кард: Дар ҳодиса барои новча(киштиҳои кучак)-и пуштибонии Кунорак теъдоде аз неруҳои ҳозир дар ин новча ба шаҳодат расиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Равобити умумии неруи баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Асри рӯзи якшанбе (10 май) новчаи пуштибонии Кунорак ҳангоми иҷрои машқи баҳрӣ дар обҳои Ҷоск ва Чобаҳор дар баҳри Уммон дучори ҳодиса шуд.
Бар асоси ин гузориш, 19 неруи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар ин новча буданд ба файзи шаҳодат ноил омаданд ва 15 нафар низ маҷруҳ шуданд, ки ҳоли онҳо ризоятбахш аст.
Пас аз ин ҳодиса тимҳои имдод ва наҷоти баҳрӣ ба суръат дар маҳал ҳузур ёфта ва маҷруҳон ва шаҳидонро аз новча хориҷ ва ба марокизи дармонӣ мунтақил карданд.
Бино бар эъломи Равобити умумии неруи баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, новчаи ҳодисадидаи Кунорак тайи амалиёте барои баррасиҳои техникӣ ба маҳалли искилаи баҳри (пирс)-и минтақа мунтақил шудааст.
Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аст, новчаи Кунорак ба иштибоҳ ҳадафи мушаки тирпаронишуда аз яке аз новҳои Эрон қарор гирифтааст.